Данная книга предназначена для обучения русскоязычных лиц таджикскому языку и таджикоязычных лиц русскому языку. На страницах книги, поделённых на половины, синхронно даётся таджикское и русское написание сказки ?Волшебная книга Егора кузьмича? Копейкиной Нелли из серии ?Сказочные приключения?. Сказка написана простым, удобовоспринимаемым языком, приближённым к разговорному.
Перевод осуществили таджикские литераторы:
Одинаев Фирдавс Султонович
и
Косимов Абдукахор Сатторович
Переводчики Автор
Одинаев Фирдавс Султонович – прозаик, публицист, переводчик. Член Союза журналистов Республики Таджикистан.
Косимов Абдукахор Сатторович - поэт – песенник, драматург, переводчик, журналист. Член Союза писателей Таджикистана, действительный член Академии российской литературы, сопредседатель литературного совета Международного союза писателей и читателей СПИЧ Ассамблеи народов Евразии.
ҲИКОЯИ КИТОБИ СЕҲРНОКИ ЕГОР КУЗЬМИЧ
Ду бародар - Федя ва Вася Егоровҳо зиндагӣ мекарданд. Онҳо доимо бо ҳам ҷангу ҷангҷол мекарданд, чизеро байни худ тақсим карда, ҳамдигарро дашном медоданд, дар бораи чизҳои беҳуда баҳс мекарданд. Илова бар ин бародари хурдӣ Вася доимо чиррос мезад. Баъзан бародари калонӣ Федя ҳам чиррос мезад.
Чирроси бачаҳо падару модар, ба хусус модарро ноором ва ғамгин мекард. Медонед, ки аз ғаму андӯҳ одамон тез – тез бемор мешаванд. Ана ҳамин хел модари бачаҳо бемор шуд. Чунон бемор шуд, ки ҳатто ба субҳона, таоми нисфирӯзиву шом омада наметавонист. Ҳатто аз ҷояш хеста натавонист. Табибе, ки ба муолиҷаи ӯ омада буд, барои муолиҷа доруҳоро навишт ва гуфт, ки ба модар оромиву роҳат лозим аст.
Падар, вақте ки ба кор рафт, писараконро илтимос кард, ки ғавғо накунанд. Ӯ ба онҳо китобе дода гуфт:
- Ин китобро хонед. Китоб шавқовар аст фикр мекунам, ки ба шумо маъқул мешавад.
Падар ба кор рафту бачаҳо дар ҳуҷраи худ бо китоб машғул шуданд. Онҳо оҳиста китобро дар болои миз гузоштанд. Китоб нав буд, муқоваи ялаққосӣ дошт. Дар болои муқова акси тирезаи кандакорӣ, чӣ хеле, ки дар замонҳои қадим дар деҳаҳо буд, тасвир ёфта буд. Аз тиреза бошад ба тахтаи пеши тиреза такя карда, марде бо табассуми зебо ба онҳо назар медӯхт. Вай мӯйҳои сафеди ҷингила ва риши сафеди ғафс дошт. Дар манзараи девори ғӯлачӯбии ин хонача гули хайрӣ кашида шуда буд ва шабпаракҳои гуногун парвоз мекарданд. Дар болои табақаҳои кушодаи тиреза булбулҳо, фотимачумчуқ ва боз кадом як паррандае, ки бачаҳо номашро намедонистанд, нишаста буданд.
Каме поёнтар аз тиреза чунин навиштаҷот буд: ?Китоби сеҳрноки Егор Кузмич?. Федя номи китобро хонд. Васяи бетоқат зудтар мехост китобро кушояд. Ӯ бесаброна интизор буд, ки кай ин корро Федя мекунад. Базӯр худро медошт. Дар акси ҳол мумкин буд дар байни онҳо ҷангу ҷидол бархезад. Федя бо эҳтиёт китобро кушод ва бачаҳо боз ҳамон мардеро, ки дар рӯйи китоб аз тиреза менигарист, диданд. Акнун ин мард бо тамоми қоматаш дар даруни кӯлмак рост меистод ва аз дуриҳо аз паси ӯҳамон хонае намудор буд, ки дар рӯйи муқова аз тирезаи он бо диққат нигоҳ мекард. Ин мард ҳамон тавр табассум мекард. Дар саҳифаи дигар аллакай чизе навишта шуда буд.
- Зудтар бихон, - илтимос кард бесаброна Федяе, ки панҷ сола буду ҳанӯз нағз хонда наметавонист.
Федя оғоз кард:
?Ассалому алайкум бачаҳои азиз! ...? ваба хондан дармонд. Ба назари ӯ намуд, ки ин овози вай набуд, балки каси дигар мехонд. Вай бо тааҷҷуб ба Вася назар кард, аммо худи Вася ҳам ҳайрон монда буд. Бачаҳо ба сурати саҳифаи аввал назар кардандва ба худ бовар накарда диданд, ки марди дар сурат буда, ба ҷойи ҷавоби салом сарашро ҷунбонд, дастонашро бо ҳам фишурд, ба мисли он ки гӯё дар пеши бачаҳо китоб набуду балки оинаи нилгун буду дар он филми тасвирӣ нишон медоданд.
Ғайр аз ин, ин шахс моҳирона хез зада дар рӯйи саҳифаи китоб пайдо шуд. Вай одами зиндаи ҳақиқӣ буд, ки қадаш камтар аз худнавису мисли одамҳои қадим либос пӯшида буд: куртаи сурхи гиребонкаҷе , ки камарбанди духташуда дошт. Дар тан шалвори сурх ва дар пояш чоруқи ҳақиқӣ буд. Ин одам оҳиста қадам монда аз саҳифаи китоб ба рӯйи миз фаромад ва худашро шинос кард.
- Номи ман Егор Кузмич. Ман дар ин китоб зиндагӣ мекунам. Ман медонам, ки ту Федя ҳастӣ, - рӯй овард ӯ ба Федя, - аммо туро бача Вася меноманд. Ман хурсандам, ки шумо ин хел боэҳтиёт ба китоби ман муносибат мекунед.
- Шумо ҳақиқӣҳастед? - пурсид Васяи ҳайратзада.
- Бале, - ҷавоб дод мард.
- Аммо чӣ хел шумо дар китоб зиндагӣ мекунед? - пурсид Федя.
- Ман кам - кам сеҳргарам.
- Шумо сеҳргар! - ба тааҷҷуб афтоданд бачаҳо.
- Шумо ҳама корро метавонед? - пурсид Федя.
- Не, - ҷавоб дод Егор Кузмич, - аммо ман метавонам ба одамон бо маслиҳат ёрӣрасонам. Шумо аз манягон чизро пурсидан мехостед?
- Бале. Шумо наметавонед коре кунед, ки модари мо шифо ёбад? – пурсид Федя.
- Ту ҳам ҳаминро мехоҳӣ? – пурсид Егор Кузмич аз Вася.
- Ҳа, - ҷавоб дод Вася.
- Ҳм, - садо баровард Егор Кузмич,- инро ман карда наметавонам аммо шумо худатон метавонед ин корро иҷро намоед. Ба шумо лозим аст бо Васвасабонуиасаббазак, ки дар хонаи шумо мустаҳкам ҷой гирифтаасту ҳатто дугонаи худ Дардро ба назди шумо овардааст, дӯстиро бас кунед.
- Боз кадом Васвасабону,-ҳайрон шуданд бародарон, - мо вайро намедонем.
- Ҳамин хел фикр мекунанд касоне, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешаванд, - ғамгинона ҷавоб дод Егор Кузмич,-ӯ маккори золим аст. Шумо ба хотир оред, ки ҳамин рӯз чанд боро чиррос задед.
- Мо имрӯз чиррос назадем, - эътироз кард Вася.
- Ҳамин пагоҳӣҳар яки шумо мехост, ки аз дигаре пештар шустушӯ кунад. Барои ин ш умо бошед ғавғо бардоштед. Алакай имрӯз якчанд бор бо амри Васвасабону чиррос задед. Ним соат пеш ба гӯши ту Федя пичирос зад, ки ту бояд мошинчаи Васяро кашида гирӣ, ту бошӣ кашида гирифтӣ. Аммо ба ту Вася пичиррос зад, ки ту боядчиррос занӣ, ту чиррос задӣ. Дард дугонаи ягонаи Васвасабону набуда, ӯ боз Танбал ном дугонаи дигар дорад.
- Мо чи гуна Васвасабонуро азбарамон меронем? - пурсиданд бачаҳо.
- Одиякак. Фақат чиррос заданро бас кардан лозим, он гоҳ вай худаш аз хонаи шумо меравад.
- Ин тавр бошад мо ӯро бе мушкилӣ пеш мекунем! –хурсандӣ карданд бачаҳо.
- Ана офарин! Дигар ҳеҷ гоҳ чиррос назанед, ҷангу занозанӣ накунед, он гоҳ худи ӯ аз назди шумобоҳамроҳии дугонааш Дард тамоман меравад. Биёед акнун мо шиносоиро бо китоб давом диҳем. Ин китобиодӣ не. Агар онҳоро бо ин қаламҳои сеҳрнок ранг кунед, суратҳои он зинда мешаванд.
Бо ин суханҳо Егор Кузмич аз бағалаш қутичаеро бароварда, оҳиста ба боли миз гузошт ва дар як лаҳза қутии хурдакак ба қутии қаламдони муқаррарӣ табдил ёфт.
Бачаҳо баробар ба сӯйи он даст дароз кардандва ҳар кадомонҳоро ба тарафи худ мекашид.
- Вася, ба ман деҳ, ман аввал!- овозашро баланд кард Федя.
- Не ман аввал! - Вася қутиро сахттар ба сӯйи худ кашид.
-Э, не, бачаҳо, ин хел намешавад. Ман мебинам, ки шумо ҳанӯз тарафдори Васвасабону ҳастед. Бачаҳо шармгинона қутиро ба боли миз гузоштанд ва Егор Кузмич бахшиш пурсиданд.
- Ин хел беҳтар, - айёрона табассум карда гуфт, Егор Кузмич, - ман меравам ва истироҳат мекунам, шумо суратҳоро ранг кунед. Аммо шитоб накунед, бо эҳтиёт ранг кунед, дар акси ҳол суратҳо зинда намешаванд. Бо ин суханҳо Егор Кузмич ба саҳифаи худ гузашт ва ба хонааш рафт.
Вақте ки саҳифаи тозаю ром шуд, бачаҳо китобро варақ задандва дар рӯйисаҳифаҳои дигар расмеро диданд. Дар ин акс се нафар шахс дар дӯкони назди даромадгоҳи як зане нишаста буданд ва ду духтарчае, ки яке аз онҳо бо дучарха бозӣ мекард, тасвир ёфта буд. Федя бо Вася дарҳол ин занро аз даромадгоҳи хонаи ҳамсоя ва духтарчаҳоро шинохтанд. Духтарчаҳо дӯстони онҳо буданд: Оля ва Наташа. Бародарон ба зудӣ нафаҳмиданд, ки чиро ранг кардан лозим. Аммо бо диққат нигоҳ карда фаҳмиданд, ки осмон ва як тӯда рег дар регдон ранг нокарда буд. Федя қалами нилобиро гирифт, Вася зардашро ва бачаҳо бо эҳтиёт сурати осмон ва регро ранг карданд. Расм зуд зинда шуд вабачаҳо дар ҳавлии он ҷо пайдо шуданд.
Дар ҳавлӣ занҳо нишаста бо ҳаяҷон дар бораи ким - чиҳо гап мезаданд. Оля бо дучархааш сайр мекард, Наташа - духтараки кабудчашм бо зулфони равшани ғулӣ, ки тасмачаҳои сурх дошту гесуҳои кӯтоҳи ба ҳар тараф парешонаш бофта шуда буданд, дар назди гулзоре истода аз паси Оля нигоҳ мекард. Вақте ки Оля аз назди ӯ гузашт, Наташа ӯро ҷеғ зад ва илтимос кард, бозистад. Оля истода бо Наташа салом дод. Наташа бошад ба саломи ӯҷавоб надода, пурсон шуд:
- Дучархаро ба ман деҳ, сайр кунам.
- Пас ман чӣ кор кунам? Наташа, дучархаи худатро барор, бо ҳам сайр мекунем, - ҷавоб дод Оля аз зини дучарха нафаромада.
- Барои овардани дучарха ҳавсала надорам. Биё, бо дучархаи ту сайр кунам. Оля намехост, ки дучархаашро диҳад, зеро худаш сайр кардан мехост. Вай дар охир гуфт:
- Мебахшӣ, Наташа, вале ман худам мехоҳам сайр кунам. Аз они худатро барор, бо ҳам сайр мекунем. Ҳамроҳ шодӣ мекунем.
Ногаҳон аз кадом ҷонибеВасвасабону пайдо шуд ва ба гӯши Наташа пичиррос заданро сар кард: ?Ту чирросзан, чиррос зан?. Наташа ба ҳиқ-ҳиқ кардан даромад. Яке аз занҳо - бибии Наташа овоз баланд кард:
- Наташа, ба ту чӣ шуд? Кӣ туро ранҷонд?
- Оляи баднафс ба ман дучархаашро барои сайр кардан намедиҳад. Он зан бо оҳанги таъна ба Оля гуфт:
- Нағз неОля, баднафсӣ кардан. Барои чӣ дугонаатро меранҷонӣ?
Дучархаро ба Наташа деҳ, бигзор сайр кунад!
Оля лабу лунҷашро овезон карда аз дучарха фаромад ва онро ба Наташа дод. Наташа бошад ҳатто ?Ташаккур? нагуфта, хурсандона ба боли дучарха хез зада савор шуд ва дар рӯйиҳавлӣ рондан гирифт. Оля бошад дар байни ҳавлӣ истода Наташаро мунтазир буд. Наташа гӯё фаромӯш карда буд, ки ӯро интизоранд. Вай тамоман ба баргардонидани дучархаи Оля шитоб намекард. Оля истод - истод ва ғамгинона ба сӯйирегдон рафт. Бародарон Егоровҳо дар он ҷо ба наздаш омаданд.
Бо Оля салом карда ба ӯ пешниҳод карданд, ки бо онҳо аз рег шаҳрча созад. Оля розӣшудва онҳо се нафар корро сар карданд. Шаҳри регӣқомат афрохтан гирифт. Бачаҳо устодона бадеворҳои шаҳр бурҷҳои дандонадор мечаспониданд, роҳҳои зеризаминӣмекофтанд, болохонаҳо месохтанд. Наташа як чанд бор аз назди онҳо гузашта ба бачаҳо ва сохтмони онҳо то ҳавасу тааҷҷуб нигоҳ карда мемонд. Ниҳоят ӯ дар назди регдон истода гуфт:
- Оля, дучархаатро гир. Сайр кун.
Оля бошад он вақт бо як шавқу завқ Аҳроми Мисрро месохт. Наташа ба қатори бачаҳо худро зад, аммо чизе сохта натавонист. Регҳои тит мешуданд, аммо агар бо ҳам мечаспид, ба шакли дилхоҳ не. Наташа дар аввал ба ғазаб омад. Ба назари ӯ чунин намуд, ки ҳама реги хубро бачаҳо гирифтанду ба ӯ бадаш расидааст. Дар он ҷо аз нав Васвасабону ба гӯши ӯ пичиррос заданро сар кард:
?Ту чиррос зан!?. Наташа ба ҳиқ-ҳиқдаромад. Бибии Наташа ӯро ҷеғ зад:
- Кӣ туро ранҷонд?
- Онҳо ҳамаиреги нағзро аз они худ карданд, бибиҷон, - шикоят кард Наташа.
- Ту аз онҳо дур шав. Умуман, дастатро чиркин накун, биё ба хона меравем.
Наташа бо бибиаш рафтанд, аммо ду зани дигар ба назди регдон омаданд, то ки беҳтар ба шаҳри регӣ назар кунанду баҳунари бачаҳо баҳо диҳанд. Шаҳрча хело зебо сохта шуда буд, ҳатто афсонавӣ менамуддар назар.
- Нигоҳ кун, чӣ хел устоҳои моҳир! -гуфт яке аз онҳо.
- Офарин! - таъриф кард дуюмин.
- Мо бояд равем, - ба худ омад Федя, реги либосҳояшро афшонда. Вася, ки тамоман рафтанро намехост, ба бародараш тақлид кард. Бачаҳо бо Оля хайру хуш кардандва аз саҳифаи китоб ба хона баргаштанд.
- Ана, зӯр шуд! –бо завқ гуфт Вася, - м о чӣ хел шаҳри зӯр сохтем-а! Мо ба он ҷобоз бармегардем? - прсид ӯ аз Федя.
- Намедонам, - ҷавоб дод дудилона бародар,- биё бинем, ки оянда чӣ мешавад. Бачаҳо саҳифаи дигарро гардонданд. Дар рӯйи ду саҳифаи дигар онҳо расмеро диданд, ки дар он писарак Вова кашида шуда буд, ки ба болои дарахт мебаромад.
Бодиққат нигоҳ карда диданд, ки дар танаи дарахт як гурбача гоҳ ба боло мебаромаду гоҳ ба поён мефарояд. Сурат ранга буд, вале дар як кунҷи он боғчае тасвир ёфта буд, ки дар он гулҳои сафед бо баргу пояи сафед мерӯйид. Бачаҳо дӯстона гулҳоро ранг карданду сурат зинда шуд. Бачаҳо диданд, ки гурбача дар танаи дарахт навмедона муаллақ истода, ғамгинона мияв - мияв карда роҳи наҷот меҷӯяд.
Вова моҳирона ба дарахт баромада, бо як даст гурбаро гирифт ва зуд ба поён нишеб шуд. Дар ин вақт гурбача аз тарс сахт аз дасти наҷотдеҳи худ дошт. Баробари ба замин наздик шудан бо пойҳои оқибаш дастони Воваро тела дода, кӯшиш мекард аз дасти Вова раҳо ёбад. Аммо гурбача фаромӯш карда буд, ки нохунҳои худро аздасти Вова дур гирад. Дасти Вова захмину хуншор шуд. Аз таъсири дард Вова сонияе рӯйи худро инҷ карда, бо дасти дигар захмро зер кард. Баъди андаке ӯ бо нигоҳи хурсандона гурбачаеро, ки ба тарфи бутаҳо мегурехт, гусел кард.
Аз кимкуҷое якбора дар назди Вова Васвасабону пайдо шудва ба гӯши вай пичиррос зад: ?Барои ту Вова, ин захм хеле дарднок аст. Ту чиррос зан, чиррос занӣ сабук мешавӣ?. Аммо Вова гӯё, ки ӯро нашунид. Ба назди ҷумаки об омад. Дар назди он зарфи обпошак буд.Бо оби ҷумак ҷароҳатро шуст ва обпошакро пур аз об карда ба назди гулҳо рафт то ки об диҳад. Васвасабону дар як тараф истода бад - бад ба ӯ нигоҳ карду худ ба худ гуфт: ?Чӣ хел писарбачаи нобакор! Ӯ маро эътироф намекунад. Хайр, хайр ман Дардро илтимос мекунам, ки бо ӯ машғул шавад?. Инро гуфта ӯ ба куҷое ғайб зад. Вова бошад гулҳоро бо завқ об медод. Федя ва Вася, ки ин дафъа ин манзараро ба даруни сурат надаромада аз гӯшае назорат мекарданд, безобита шуданд, ки вай албастӣ ба куҷо рафту чӣ нақша дорад.
- Биё саҳифаро гардонем, - пешниҳод кард Федя. – Шояд ӯро дарёбем. Онҳо ҳамин хелҳам карданд. Варақро гардонданд ва дар рӯйи он сурати навро диданд. Дар он ҷо як ҳуҷрае тасвир ёфта буду дар он ду нафар буданд: як бача дар ҷойгаҳ бо гулӯи печида ва як зан, ки зоҳиран ба Васвасабону монанд буд. Бародарон бачаро зуд шинохтанд. Ин Дима- аз ҳавлии онҳо буд. Дирӯз ӯ волидонашро гӯш накардадуру дароз оббозӣ кард ва бегоҳбемор шуд. Федя бо Вася мушоҳида карданд, ки дар ин сурат пардаҳо ранг нокарда мондаанд. Онҳо зуд онҳоро ранг кардандва сурат зинда шуд. Зане, ки ба Васвасабону монанд буд, мисли соҳибхона дар сари болини кат нишаста дар гӯши Дима пичиррос мезад.
- Хубкардӣ, ки волидонатро гӯш накардӣ. Ту алакай калон, бе онҳо ҳам худат ҳамачизроҳал карда метавонӣ. Бин, кичӣ хел ба ту духтарчаҳо нигоҳ карданд.
Дар ин ҳангом якбора Васвасабону пайдошудва ба бачаҳодиққате надода ба он зан муроҷиат кард:
- Дугонаи азизи ман Дард, ба ман ёрӣ деҳ. Ана дар он ҳавлӣ як бачаи нобакор ҳаст, ки маро итоат намекунад. Ту худат ӯро ба зери даст гир, бигзор бемор шавад, ана он гоҳӯ чиррос хоҳадзад.
- Кадом бача? Пурсид Дард ба тиреза наздик шуда. Вале дар ҳавлӣ Воваро дида ӯ аз ёрӣ додан қатъиян даст кашид.
- Не, не. Ман аллакай чандин маротиба кӯшиш кардам, ки бо ӯ дӯстӣ кунам, аммо ӯқабул накард. Ҳаррӯз вай машқи пагоҳӣ мекунад ва ман тамоман ба ӯ наздик шуда наметавонам. Агар ту тавонӣ, ки Танбалро розӣ кунӣ, он писарча тамбал мешу два дар ин сурат ҳ ягон кор кардан мумкин буд.
Васвасбонубинӣ кашид ва хайрухушро нася монда, аз саҳифа гум шуд.
- Мумкин аст Васвасабону назди Лея рафта бошад, - гуфт Вася,
- Биё, тезтар бинем, ки оянда чӣ мешавад. Бачаҳо саҳифаро варақ заданд. Дар рӯйи ду саҳифаи дигар расми як одами ба бачаҳо шинос кашида шуда буд. Ин марде буд, ки онҳо ӯро зуд-зуд дар айвончаи табақаи якуми даромади панҷум медиданд. Ӯ дар тан одатан шалвор дошт ва мӯйҳои ношуштааш доимо ялақос мезаданд. Ин мард сарашро бо дастонаш дошта дар диван хобида буд. Дар назди ӯ- рӯйи фарш хокистардони пур аз боқимондаи сигор меистод. Даруни ҳуҷра дуд ба мисли абр чарх мезаду ифлосӣ атрофро пахш карда буд.
Дар курсӣ зане, ки зоҳиран ба Васвасабону ва Дард монанд буд, такя зада менишаст. Сурат ранга буд, аммо бачаҳо бодиққат ба майдачуйдааш нигариста фаҳмиданд, ки шалвори мард ранг нокарда мондааст. Зуд ранги даркориро интихобкарда ранг карданд, вале сурат зинда нашуд. Ҳамаи чиз беҳаракат монд. Танҳо бачаҳо гуфтугӯйи даруни ҳуҷраро шуниданд.
Онҳо якбора нафаҳмиданд, ки дар хона оинаи нилгуни ин мард даргирон аст, яъне суратҳо дар ҳаракатанд. Танҳо марду зан бе ҳаракат менишастанд. Оромиии ҳуҷраро Васвасбону пайдо шуда якбора вайрон кард. Бе салому алейк, ба мард диққате надода, бидиррос зада ба зан гуфт:
- Танбал, дугонаи нағзи ман, акнун танбалӣ бас аст, бокор машғул шав. Хоҳиш мекунам, ту бо писарак Вова машғул шав. Вай на Дардро гӯш мекунаду на маро. Ту метавонӣ ба моёрӣ расонӣ. Агар ӯ танбал шавад, машқи аҳмақонаи худро бас мекунад. Дард дар як лаҳза онро зери даст мекунаду итоатгори ман мешавад.
- Вова? - танбалона пурсид Танбал,- ин ҳамон бачае нест, ки доимо ба гулҳои таги тиреза об мерезад?
- Бале, бале,- сар ҷумбонд Васвасабону,- худи худаш.
- О, не, ман бо ӯҳеҷ кор карда наметавонам, вай бе ниҳоят меҳнатдӯст аст. Бо ин суханҳо Танбал аз Васвасабону рӯй гардонд ва ба марде, ки аллакай мехост аз диван хеста ба куҷое равад, рӯй овард.
- Ту ба куҷо меравӣ? Имрӯз рӯзи истироҳат, рӯз хеле дароз. Боз камтар хобрав. Мард аз нав ба диван дароз кашид, аммо ҷаҳлиВасвасабону хесту аз саҳифа нопадид гашт.
- Ура! - нидо баровард Вася.
- Ҳаққи вай ҳамин! - хурсандона гуфт Федя.
- Қандата зан, Вова! - қариб ҳамаи бачаҳо бо як овоз гуфтанд.
- Ана акнун биё, ба назди Вова равем, - пешниҳод кард Вася ба бародараш, аз курси парида хеста, - ҳамаашро ба ӯ нақл мекунем, он чиро ки мо дидем.
- Лозим не, - зид баромад Федя,- ту мехоҳӣ, ки модари беморро дар хона танҳо гузорӣ? Охир мо китобро ҳанӯз то охир тамошо накардем, фикри ҳардуяшон ҳам барои Вася асоснок буд. Вай итоат намуда ба курсии назди бародараш нишасту онҳо саҳифаи китобро гардониданд.
Дар ин рӯйи варақ бародарон ҳамсояҳои худ Надяю Боря Кузинҳо ва дугонаи Надя Асяро аз майдончаи зинапоядор шинохтанд.
Дар он ҷо Васвасабону ҳам буд. Вай дар паси Боря меистод ва ба гӯшаш пичиррос мезад.
- Наход Боряро ба гап ғалтонад? - пурсид Вася.
- Метавонад. Ана ба Боря нигоҳ кун, нигоҳ кун, ҳоло чиррос мезанад, - мушоҳида кард гӯё Федя.
Боря дарҳақиқат дар сурат чеҳраи гирён дошт.
- Боряи гирёнчак! – ин таънаи Федя буд.
- Биё тезтар суратро зинда кунем! - бошитоб пешниҳод кард Вася.
- Мана, ҳалқаи дар дастонаш буда ранг нокарда.
Боря дар дастонаш ҳалқаи наҷотдиҳиро нигоҳ медошт, ки дар ҳақиқат ранг нокарда буд. Вася бо Федя зуд ранг карданд онро ва сурат зинда шуд. Васавасабону ба гӯши Боря пичиррос мезад:
- ?Ту чиррос зан, чиррос зан!? Аммо Боря бо овози гирён духтарчаҳоро илтимос мекард, ки ӯро ба қаиқбо худ барои сайр кардан гиранд. Духтарҳо ҷавоб доданд, ки барои бачаҳои то ҳашт сола дар қаиқ сайр кардан манъ аст, зеро оббозӣ карда наметавонад ва мумкин аст ғарқ шавад. Аммо Боря чун пештара ба духтарон мефаҳмонд, ки ғарқ намешавад, зеро ӯҳалқаи наҷотдиҳанда дорад.
- Надя, хайр биё ӯро гирем, - пешниҳод кард Ася ва Надя розӣ шуд.
- Ана нигоҳ кун, кор чӣ хел зӯр мешавад! - хурсандона дастонашро бо ҳам соиш доду ба ҷои исташ ҷаҳида гуфт Васвасакунак ва аз сурат дур шуд. Надя Ася ва Боря аз дар баромада хонаро тарк карданд.
- Акнун чӣ? Ҳамту хонаи холӣ, - гуфт Вася.
- Биё варақ мегардонем.
Федя саҳифаро варақ зад ва бачаҳо истгоҳи қаиқҳо ва қаиқҳои дар дарё шинокунандаро диданд. Дар яке аз онҳо Боря, Надя ва Ася менишастанд. Дар дасти Надя белҳои заврақ буд, аммо Ася ва Боря дар қафои заврақ рӯ ба рӯйи Надя нишаста буданд.
- Дар ин ҷо чиро бояд ранг кард? – пурсид Вася.
- Намедонам, гӯё ҳамаи чиз ранг карда шудааст, - бо диққат нигоҳ карда гуфт Федя.
- Ана бингар, парранда!
Дар сурат дар шохчаи бутта як паррандаи сап – сафеди хурдакак нишаста буд.
- Ин гунҷишкак! - гуфт Вася, қалами қаҳварангро ба даст гирифта. Бо диққат нигоҳ кун ин фотимачумчуқ! Ман пушташро ранг мекунам, ту шикамашро ранги зард кун.
Вася гапгирона қалами зардро гирифт. Бачаҳо дарҳол паррандаро чунон ранг карданд, ки вай дар ҳақиқат бо ёрии қалам зинда шуда аз рӯйи бутта парида ба ким-куҷое рафт. Дар наздикии соҳил як қаиқча, ки духтарчаҳо ва Боря дар он савор буданд, шино мекард. Надя ноуҳдабароёна белмезад. Ногаҳон аз масофаи бисёр наздики онҳо як қаиқи муҳаррикдор тез гузашт ва мавҷҳои калонро ба вуҷуд овард. Қаиқ, ки дар он Боря, Надя ва Ася нишаста буданд, дар болои мавҷҳо алвонҷ мехӯрд, қариб буд, ки чапа шавад.
- Пеши киштиро зудтар ба тарафи мавҷҳо гардон! - фармон дод Боря ва барои ба Надя ёрӣ додан ба тарафи ӯҷаҳид. Дар ин лаҳза боз қаиқ ба тарафи чап тоб хӯрда ба болои мавҷ баромад ва Боря ногаҳон дастҳояшро бехудона дар ҳаво афшонда, аз канораи киштӣ ба об афтид. Духтарҳо тарсону ларзон фиғон бароварданд. Ася ҳалқаи Боряро гирифт ва ба сӯяш ҳалқаихудашро ҳаво дод. Аммо Боря ҳанӯз ҳалқаро надошта мавҷи навбатӣҳалқаро аз ӯ дур бурд. Боря ноумедона дар об дасту по мезад. Мавҷҳо ба сари ӯ бармехӯрданд.
- Биё зудтар ӯро наҷот диҳем! - фарёд зад Федя ва ба расм дохил шуд. Роҳравон ӯ попӯшашро ба як сӯҳаво дод ва худро ба об партофт. Вақте ки Вася ба расм давида даромад, об алакай аз миёни Федя боло баромада буд. Ӯ Боряро аз куртааш дошта ба сӯйи худ мекашид. Боря бинӣ боло кашида бо тарсу ҳарос даруни об дастак мезад.
- Хез, Боря, охир ин ҷо об рӯяк! - дод зад Васява ба бародараш пайравӣ карда бо либосҳои худ давида ба об даромад. Боря фаҳмид, ки Федя ва Вася дар даруни об рост истодаанд, пойҳояшро ба қаъри об фаровард ва ҳамчунии рост шуд. Вася ҳалқаи наҷотдиҳандаро, ки дар болои мавҷҳо давр мезад,дошту ҳамаи бачаҳо ба соҳил баромаданд. То ин дам духтарҳо бо Боря дар қаиқ сайр карданд ё не бачаҳо, то охир нафаҳмиданд. Онҳо Борияи ба ҳарос омадаро ба ихтиёри духтароне, ки дар соҳил истироҳат мекарданд, супориданд, ва худашон зуд ба ҳуҷра баргаштанд.
Пас аз бозгашт онҳо дарк карданд, ки либосҳояшон тамоман хушк аст.
Дар китоб танҳо як саҳифа монда буду бас. Бачаҳоон саҳифаро гардонданду бо тааҷҷуби зиёд расмеро диданд, ки дар он ҳуҷраи онҳо тасвир ёфта буд. Дар он ҷо ягон кас набуд.
- Хайр чӣ? - пурсид Вася.
- Намедонам, - ба фикр фурӯ рафта гуфт Федя,- биё инсуратро ҳам зинда кунем.
- Биё, - розӣ шуд Вася. – Аммо дар ин ҷо ҳама чиз ранг карда шуда буд.
Бачаҳо дар як дақиқа бо ҳуҷраи худ муқоса карда назар гузарониданд. Ҳамаи чиз рангу бор карда шуда буд. Дар охир онҳо аз паси тиреза осмони сафед ва шохчаҳои сафеди дарахти тӯсро мушоҳида карданд. Ҳамаи инро ранг карда бачаҳо тавонистанд, ки ба хонаи дар сурат буда дароянд. Ногаҳон аз ким-куҷое дар назди онҳо Васвасабоу пайдо шуду гапро сар кард:
- Барои чӣ шумо имрӯз ин қадар ором? Ғавғо намекунед, ҷанг намекунед. Э, шумо кадом як китоби аҳмақонаро мехонед! Ҳамин ҳам барои писарбачаҳо машғулият шуд-у!
- Аз назди мо дур шавед! - бо як овоз гуфтанд бачаҳо ба Васвасабоу. Мо дигар ҳеҷ гоҳ гапи шуморо гӯш намекунем!
- Чӣ хел, гапи маро гӯш намекунед? Шумобе ман ба куҷо меравед! Ин китоб аз они кӣ? Федя, аз они ту? Ин китобатро ба Вася надеҳ зеро,ӯ медаронад!
- Аз ин ҷо равед Васвасабону, - ҷиддӣ гуфт Федя, - муҳим нест, ки ин китоб аз они кӣ. Мо ҳамроҳи Вася дигар ҳеҷ гоҳҷангҷол намекунем.
Бале, - тасдиқ кард Вася. - Мо ҷангҷолҳам намекунему чиррос ҳам намезанем. Равед! Васвасабону баҳарос афтода бо тааҷҷуб ба онҳо назар карду ғайб зад. Дар ҳуҷра Егор Кузмич пайдо шудва гуфт:
- Ман мебинам, ки шумо ҳамаи расмҳоро ранг кардед. Офаринатон! Тасанно! Асосаш он ки шумо маъною мақсади китоби маро дуруст фаҳмидед. Ин ҳикояро ба дӯстони худ ҳам нақл кунед, ин ба онҳо низ панди он метавонаддаркор бошад.
- Ташаккур, Егор Кузмич,- гуфт Федя.
- Мо акнун дигар чиррос намезанем ва Дард- дугонаи Васвасабону аз модари мо дур мешавад.
- Оҳ, - гунаҳкорона қайд кард Вася, - мо бо китоб машғул шудаҳатто боре ҳам ба назди ӯ нарафтем.
- Ба модари шумо хоби бароҳат зарур буд. Ана акнун, ки шумо Васвасабонуро аз ин ҷо дур кардед, вай тез шифо меёбад. Биёед, бачаҳо, хайрухуш мекунем.
- Ин китоби шумо хеле шавқовар,- гуфт Федя,- шумо, Егор Кузмич, ба мо кӯмаки калон расондед.
- Оре, раҳмати калон ба Шумо, - дастгирӣ кард Вася.
- Ман ҳам хурсанд, ки китоб ба шумо маъқул шуд. Ана акнун ба хона, ба назди модар баргардед. Вақти ман ҳам наздик шуд.
Бо ин суханҳо Егор Кузмич аз нав ба китоб даромад ва ба хонаи худ рафт. Бачаҳо боэҳтиёт китобро пӯшиданд ва ба хонаи модар рафтанд. Модар писарҳоро бо табассуми хуш пешвоз гирифт.
- Шумобо чӣ машғул будед? Ман фикр кардам, ки шумо дар хона нестед.
- Модарҷон, мо китоби ниҳоят хубро хондем! -ба сухан даромад Вася,- ту акнун бемор нестӣ?
- Ба фикрам шифо ёфтам, дигар бемор нестам, - гуфт модар аз ҷойгаҳ хеста истода.
Дар ҳақиқат то бегоҳ модар тамоман шифо ёфт ва ҳамаи аҳли оила дар вақти таоми шом паси миз пурраҳозир буданд.
Нелли Копейкина -
прозаик, поэт, драматург, сценарист, переводчик.
Член Союза журналистов России, Союза писателей России, Российского Союза писателей, РОО ?Клуб писателей? ЦДЛ, Московского литфонда, Московского союза литераторов, Союза писателей XXI века; почётный академик и президент Интернациональной академии современной культуры.
ВОЛШЕБНАЯ КНИГА ЕГОРА КУЗЬМИЧА
Жили два брата – Федя и Вася Егоровы. Постоянно они затевали драки, своры, что-то делили между собой, ссорились, спорили по пустякам, и при этом младший из братьев – Вася – всегда пищал. Иногда пищал и старший из братьев – Федя.
Писк детей очень раздражал и огорчал родителей, а особенно маму. А от огорчения люди часто заболевают.
Вот и мама мальчиков этих заболела, да так, что даже к завтраку, обеду и ужину перестала вставать.
Врач, который приходил лечить маму, выписал ей лекарства и сказал, что маме нужны тишина и покой.
Папа, уходя на работу, просил сыновей не шуметь. Он дал им книгу и сказал:
– Почитайте книгу. Книга интересная, думаю, она понравится вам.
Папа ушёл на работу, а мальчики с книгой расположились в своей комнате. Они осторожно положили книгу на стол. Книга была новая, в глянцевой обложке. На лицевой стороне обложки было нарисовано окно с резными ставнями, как в деревнях в старину, а из окна, опёршись на подоконник, выглядывал человек с доброй улыбкой на лице. У него были вьющиеся седые волосы и пышная седая борода. На фоне бревенчатой стены домика росли мальвы, порхали разноцветные бабочки.
На открытых ставнях окна сидели воробей, синичка и ещё какая-то птичка, название которой мальчики не знали. Чуть ниже под окном было написано ?Волшебная книга Егора Кузьмича?. Федя прочитал название книги, а Вася, которому давно уже хотелось открыть книгу, терпеливо ждал, когда это сделает Федя, смутно догадываясь, что иначе между ними может завязаться ссора. Федя бережно открыл книгу, и мальчики вновь увидели того человека, который на обложке выглядывал из окна. Теперь этот человек стоял на лужайке во весь рост, а вдали за ним виднелся тот дом, из окна которого он выглядывал на обложке. И вновь этот человек улыбался. На следующей странице уже было что-то написано.
– Читай скорее! – попросил нетерпеливо Федя, которому было пять лет, и сам читать хорошо он пока не умел.
Федя начал: ?Здравствуйте, дорогие ребята! …? и тут же споткнулся в чтении. Ему показалось, что это не он сказал, а кто-то другой. Он удивлённо посмотрел на Васю, а Вася сам был изумлён. Мальчики перевели взгляд на картинку на первой странице и, не веря себе, увидели, что нарисованный человек в знак их приветствия качнул головой, потёр руки, как если бы перед ребятами была не книга, а экран телевизора, и по нему шёл мультфильм. Но, мало того, человек как-то ловко подскочил и оказался на странице книги.
Он был настоящим живым человечком ростом чуть меньше шариковой ручки. Одет он был по-старинному: в красную рубаху-косоворотку, подпоясанную вышитым поясом, в красные портки, а обут был в настоящие лапти. Мягко ступая, человек перешёл со страницы книги на стол и представился:
– Меня зовут Егор Кузьмич. Я живу в этой книге. Я знаю, ты – Федя, – обратился Егор Кузьмич к Феде, – а тебя, мальчик, зовут Вася. Мне приятно, что вы так бережно относитесь к моей книге.
– А вы настоящий? – спросил изумлённый Вася.
– Да, – ответил человек.
– А как Вы живёте в книге? – спросил Федя.
– Так я же немного волшебник.
– Волшебник! – изумились дети.
– И Вы всё можете? – спросил Федя.
– Нет, – ответил Егор Кузьмич, но я умею помогать людям советом. А вы о чём-то хотели просить меня?
– Да. Не могли бы Вы сделать так, чтоб наша мама не болела? – попросил Федя.
– И ты того же хочешь? – спросил Егор Кузьмич Васю.
– Да, – ответил Вася.
– Гм, – ответил Егор Кузьмич. – Сделать этого я не смогу, но вы можете это сделать сами. Вам надо перестать дружить с Пищухой-нервотрёпкой, которая напрочно поселилась в вашем доме и даже привела к вам свою подружку Хворь.
– Какая ещё Пищуха-нервотрёпка, – удивились братья, – не знаем мы такую.
– Так думают все, кто с ней общается, – грустно ответил Егор Кузьмич. - Это коварная злодейка. Вы вспомните, сколько раз вы сегодня пищали.
– Мы не пищали сегодня, – возразил Вася.
– Утром, каждый из вас желал умыться первым. И вы устроили гвалт. Несколько раз вы сегодня уже по указке Пищухи-нервотрёпки пищали. Полчаса назад тебе, Федя, Пищуха-нервотрёпка нашептала о том, что ты должен отнять у Васи машинку, ты и отнял. А тебе, Вася, она нашептала о том, чтоб ты запищал, и ты запищал. Хворь - не единственная подружка Пищухи-нервотрёпки, ещё у неё есть подруга Лень.
– Как же нам прогнать Пищуху-нервотрёпку от нас? – спросили мальчики.
– Просто. Надо просто перестать пищать, и тогда Пищуха-нервотрёпка сама уйдёт из вашего дома.
– Тогда мы запросто прогоним её! – обрадовались мальчики.
– Вот и молодцы! Больше никогда не пищите, не устраивайте ссор, драк, и Пищуха-нервотрёпка уйдёт от вас навсегда вместе со своей подругой Хворью. Ну, а мы давайте продолжим знакомиться с книгой. Книга эта не простая. Картинки в ней оживают, если их покрасить этими волшебными карандашами.
С этими словами Егор Кузьмич достал из-за пазухи коробочку, положил бережно её на стол, и в тот же миг малюсенькая коробочка обратилась в нормальную коробку с карандашами. Мальчики одновременно протянули руки за коробкой, и каждый потянул её к себе.
– Вася, дай, я первый! – поднял голос Федя.
– Нет, я сначала! – Вася потянул коробку сильнее.
– Э! Нет, ребята, так не пойдёт. Я вижу, вы всё ещё в сговоре с Пищухой-нервотрёпкой.
Ребята пристыженно положили коробку на стол и извинились перед Егором Кузьмичом.
– Так-то лучше, – лукаво улыбаясь, сказал Егор Кузьмич. – Я пойду, отдохну, а вы раскрашивайте картинки. Да не торопитесь, красьте аккуратно, а то картинки не оживут.
С этими словами Егор Кузьмич прошёл на свою страницу и ушёл к себе домой.
Как только его страничка затихла, ребята перевернули её и на развороте двух других страниц увидели рисунок. На рисунке были изображены три сидящие на лавочке у подъезда женщины и две девочки, одна из которых каталась на велосипеде.
Федя с Васей сразу узнали и женщин из соседнего подъезда, и девочек.
Девочки были их приятельницами: Оля и Наташа. Братья не сразу поняли, что же тут раскрашивать, но приглядевшись внимательнее, поняли, что нераскрашенными были небо и куча песка в песочнице.
Федя взял голубой карандаш, Вася жёлтый, и ребята аккуратно раскрасили небо и песок. Рисунок вмиг ожил, а ребята оказались там, во дворе.
Женщины сидели и оживлённо о чём-то разговаривали. Оля каталась на велосипеде, а Наташа – голубоглазая девочка с густой светлой чёлкой, с красными бантами, вплетёнными в короткие торчащие в разные стороны косички, – стояла у клумбы и следила за Олей. Когда Оля проезжала мимо, Наташа окликнула её и попросила остановиться. Оля остановилась, поздоровалась с Наташей. Наташа же, не отвечая на приветствие Оли, попросила:
– Дай велосипед покататься.
– А я что буду делать? Ты, Наташ, вынеси свой, мы вместе покатаемся, – ответила Оля, не слезая с седла велосипеда.
– Не охота возиться с ним. Дай, я на твоём покатаюсь.
Оле очень не хотелось давать свой велосипед, она сама хотела кататься. Она так и сказала:
– Извини, Наташа, но я сама хочу кататься. Вынеси свой, будем вместе кататься. Вместе веселей.
Вдруг, откуда ни возьмись, появилась Пищуха-нервотрёпка и стала шептать на ухо Наташе: ?А ты попищи, попищи?. Наташа захныкала. Одна из женщин – бабушка Наташи, её окликнула:
– Ната, что с тобой? Кто тебя обидел?
– Олька-жадина не даёт мне велосипед покататься.
Женщина укоризненно посмотрела на Олю и сказала ей:
– Нехорошо, Оля, жадничать. Что ты обижаешь подружку? Дай Наташе велосипед, пусть покатается!
Оля, насупившись, сошла с велосипеда и передала его Наташе. Наташа, даже не сказав ?спасибо?, весело вскочила на велосипед и покатила по двору.
Оля же осталась стоять среди двора в ожидании Наташи. Но Наташа, казалось, и забыла о том, что её ждут. Она вовсе не спешила возвращать Оле велосипед. Оля постояла-постояла и печальная пошла к песочнице. Тут к ней подошли братья Егоровы. Поздоровавшись с Олей, они предложили ей построить с ними из песка городок. Оля согласилась, и втроём они принялись за дело. Песочный городок рос прямо на глазах.
Ребята умело лепили зубчатые башни, рыли подземные ходы, строили терема.
Наташа, проезжая мимо, несколько раз бросала на ребят и их постройки заинтересованные взгляды. Наконец, она остановилась у песочницы и сказала:
– Забирай, Оля, свой велосипед. Катайся.
Оля же с увлечением строила египетскую пирамиду. Наташа пристроилась рядом с ребятами строить, но у неё ничего не получалось. Песок у неё почему-то сыпался, а если и лепился, то как-то не так. Наташа начала сердиться. Ей стало казаться, что весь хороший песок заняли ребята, а ей достался плохой. Тут Пищуха-нервотрёпка снова стала ей нашёптывать:
?А ты попищи?. И Наташа захныкала. Бабушка Наташи, окликнула её:
– Кто тебя?
– Они заняли весь хороший песок, бабулечка, – пожаловалась Наташа.
– А ты не водись с ними. И вообще, незачем тебе руки марать, пойдём домой.
Наташа с бабушкой ушли, а две другие женщины подошли к песочнице, чтоб получше рассмотреть песочный городок. Городок получился очень красивым, просто даже сказочным.
– Гляди, какие мастера! – сказала одна из них.
– Молодцы! – похвалила вторая.
– Нам пора, – спохватился Федя, отряхиваясь от песка. Вася, которому вовсе не хотелось уходить, последовал примеру брата. Мальчики простились с Олей и вернулись со страницы книги в комнату.
– Вот здорово! – Удивлялся Вася. – А какой здоровский город мы построили! Мы вернёмся туда? – спросил он Федю.
– Не знаю, – как-то неопределённо ответил брат. – Давай посмотрим, что дальше.
И мальчики перевернули страницу. На развороте двух страниц они увидели картинку, где был изображён мальчик Вова, взбирающийся на дерево.
Хорошо присмотревшись, братья заметили на стволе этого дерева маленького котёнка, который, то ли лез на дерево, то ли спускался с него.
Картинка была цветная, но в углу её была расположена клумба с белыми цветами на белых стеблях с белыми листьями. Ребята дружно раскрасили цветы, и картинка ожила. Ребята увидели, что котёнок беспомощно висит на стволе дерева и жалобно мяукает. Вова ловко вскарабкался на ствол, достал одной рукой котёнка и быстро съехал по стволу вниз. При этом котёнок с испугу сильно вцепился в руку своего спасителя. Увидев поблизости почву, он стремительно оттолкнулся задними лапками от ладони Вовы. Когти свои при этом котёнок забыл убрать, и на руке Вовы появилась кровоточащая рана. От боли Вова на секунду сморщился, зажал рану другой рукой, но уже в следующую секунду он весёлым взглядом провожал котёнка, несущегося к кустам.
Откуда ни возьмись, рядом с Вовой появилась Пищуха-нервотрёпка и стала ему нашёптывать: ?Тебе, Вова, так больно. Ты попищи, попищи, легче будет?. Но Вова, казалось, её и не слышал. Он подошёл к крану, рядом с которым стояла его лейка, обмыл рану водой из крана, наполнил лейку и пошёл поливать цветы.
Пищуха-нервотрёпка стояла в стороне, зло глядя на него, и говорила сама себе: ?Какой гадкий мальчишка! Он не признаёт меня. Ладно, я попрошу Хворь, она займётся им?. Сказав это, Пищуха-нервотрёпка куда-то исчезла. А Вова старательно поливал цветы. Федя с Васей, которые в этот раз, не заходя в рисунок, оставались сторонними наблюдателями, забеспокоились – куда же она пошла, что она задумала.
– Давай перевернём страницу, – предложил Федя. – Может, мы её найдём. Так они и поступили. Перелистнули страницу и на развороте увидели новую картинку. Тут была изображена комната, а в комнате находились двое: мальчик в постели с обмотанным горлом и дама, очень похожая внешне на Пищуху-нервотрёпку. Мальчика братья сразу узнали. Это был Дима из их двора. Вчера он не послушался родителей и очень долго купался, а к вечеру заболел. Федя с Васей заметили, что нераскрашенными на этой картинке оставались шторы. Они быстро раскрасили их, и картинка ожила. Дама, походившая на Пищуху-нервотрёпку, по-хозяйски сидела в изголовье кровати и нашёптывала Диме:
– Правильно ты не послушал родителей. Ты же уже большой, сам и без них всё можешь решить. Зато как на тебя смотрели девочки!
В это время, откуда ни возьмись, появилась Пищуха-нервотрёпка. Не обращая внимания на мальчика, она обратилась к даме:
– Дорогая моя подружка Хворь, помоги мне. Вон во дворе негодный мальчишка, который неподвластен мне. Возьми ты его под свою власть, пусть он заболеет, вот уж тогда он, пожалуй, попищит.
– Какой мальчишка? – спросила Хворь, подходя к окну. Но, увидев во дворе Вову, она напрочь отказалась помогать подружке.
– Нет, нет. Я уже пыталась не раз с ним сдружиться, но он не поддаётся мне. Каждый день он делает зарядку, и мне его никак не одолеть. Вот если бы ты сумела уговорить Лень, если бы мальчишка заленился, тогда бы что-нибудь и вышло.
Раздосадованная Пищуха-нервотрёпка шмыгнула носом и, не прощаясь, исчезла со странички.
– Наверное, Пищуха-нервотрёпка понеслась к Лени, – предположил Вася,
– Давай, скорее, посмотрим, что дальше.
И ребята перелистнули страницу. На развороте двух страниц была картинка с изображением тоже знакомого ребятам человека.
То был мужчина, которого они часто видели на балконе первого этажа пятого подъезда. Он обыкновенно был в полосатой пижаме с немытой головой. Тут он так же был одет в пижаму, и у него, как всегда, лоснились немытые волосы. Мужчина лежал на диване, заложив за голову руки. Рядом на полу стояла переполненная окурками пепельница. В комнате витало облако дыма, было не убрано. В кресле, откинувшись на спинку, сидела дама, внешне схожая с Пищухой-нервотрёпкой и Хворью. Картинка была цветная, но внимательно приглядевшись к деталям, ребята заметили, что нераскрашенными оставались пижамные брюки на мужчине. Быстро подобрав нужный цвет, ребята раскрасили их, но картинка, казалось, не ожила. Всё оставалось неподвижным. Единственно, мальчики услышали в комнате разговор. Не сразу они поняли, что это в комнате у мужчины включен телевизор, значит, картинка ожила, просто и мужчина, и дама оставались неподвижными.
Покой в комнате нарушила неожиданно появившаяся Пищуха-нервотрёпка. Без всякого приветствия, не обращая внимания на мужчину, Пищуха-нервотрёпка затараторила, обращаясь к даме:
– Лень, подруженька милая, хватит тебе лениться, займись делом. Прошу тебя, займись мальчиком Вовой. Он не поддаётся ни Хвори, ни мне. Ты могла бы нам помочь. Если бы он стал лентяем, он перестал бы делать свою дурацкую зарядку, Хворь прибрала бы вмиг его к своим рукам, а там бы уж и мне он подчинился.
– Вова? – лениво спросила Лень. – Это не тот ли мальчик, который постоянно поливает под окнами цветы?
– Да, да, – закивала Пищуха-нервотрёпка. – Он самый.
– О, нет, с ним мне не справиться, он слишком трудолюбивый.
С этими словами Лень отвернулась от Пищухи-нервотрёпки и обратилась к мужчине, который уже собирался встать с дивана и куда-то идти.
– Куда ты собрался? Сегодня же выходной. День такой длинный. Полежи ещё немного.
Мужчина послушно вновь улёгся на диван. А Пищуха-нервотрёпка, обиженно фыркнув, исчезла со страницы.
– Ура! – воскликнул Вася.
– Так ей и надо! – обрадованно подхватил Федя.
– Молодец Вова! – почти хором сказали ребята.
– А давай сейчас сходим к Вове, – предложил брату Вася, вскакивая со стула, – и расскажем всё ему, что мы видели.
– Не стоит, – возразил Федя. – Ты что, хочешь маму больную одну дома оставить? Да и книгу мы ещё не досмотрели. Оба аргумента показались Васе убедительными. Он послушно сел на свой стул рядом с братом, и они перелистнули страницу.
На этом развороте братья сразу узнали своих соседей по лестничной площадке Надю и Борю Кузиных и подружку Нади Асю.
Тут же была и Пищуха-нервотрёпка. Она стояла за спиной Бори и что-то ему нашёптывала.
– Борю подговаривает! – сказал Вася.
– Да, а Борька, смотри, смотри, пищит, – заметил Федя.
У Бори, действительно, на картинке было лицо с плаксивым выражением.
– Ну, Борька и пискля! – продолжил Федя.
– Давай оживим скорее картинку! – торопливо предложил Вася.
– Вот, круг у него в руках незакрашенный.
Боря держал в руках спасательный круг, который действительно не был покрашен. Вася с Федей быстро раскрасили круг, и картинка ожила. Пищуха-нервотрёпка действительно нашёптывала на ухо Боре: – ?Ты попищи, попищи!? А Боря просил плаксивым голосом девочек взять его с собой покататься на лодке. Девочки отвечали ему, что детям до восьми лет кататься на лодке запрещено, что он не умеет плавать, и может утонуть. Но Боря по-прежнему продолжал увещевать девочек и утверждал, что не утонет, так как у него есть спасательный круг.
– Надь, ну, давай возьмём его, – предложила Ася, и Надя согласилась.
– Вот видишь, как это помогает! – довольно потирая ладони и почему-то подскакивая, сказала Пищуха-нервотрёпка и удалилась с картинки. Надя, Ася и Боря покинули комнату через дверь.
– Что теперь? Просто пустая комната, – сказал Вася.
– Давай перелистнём!
Федя перелистнул страницу, и мальчики увидели лодочную станцию и плавающие по реке лодки. В одной из лодок сидели Боря, Надя и Ася. Надя была на вёслах, а Ася с Борей сидели на задке лодки к Наде лицом.
– Что тут надо красить? – спросил Вася.
– Не знаю, вроде бы всё покрашено, – внимательно вглядываясь в картинку, ответил Федя.
– А, вот, смотри, птичка!
На картинке на ветке куста сидела маленькая совсем белая птичка. – Это воробей! – сказал Вася, хватаясь за коричневый карандаш. – Посмотри внимательнее, это синичка! Я покрашу спинку, а ты раскрась жёлтым брюшко.
Вася послушно взял жёлтый карандаш. Ребята живо раскрасили птичку, так, что она буквально из-под карандаша вспорхнула с куста и понеслась куда-то. Недалеко от берега проплывала лодка с девочками и Борей. Надя гребла, неумело шлёпая по воде вёслами. Вдруг совсем близко пронеслась моторная лодка и образовала большие волны.
Лодка, в которой сидели Боря, Надя и Ася, закачалась на волнах, готовая перевернуться.
– Поворачивай скорее к волнам носом! – скомандовал Боря и, желая помочь Наде, сделал к ней рывок. При этом лодка в очередной раз накренилась влево, поднявшись на волне, и Боря неожиданно, нелепо помахав в воздухе руками, вывалился за борт. Перепуганные девочки завизжали. Ася схватила Борин круг и бросила его Боре. Но Боря не успел ухватиться за круг, так как очередная волна отбросила круг от него. Боря отчаянно барахтался в воде. Волны захлёстывали его с головой.
– Бежим скорее спасать его! – крикнул Федя и ринулся в картинку. На ходу сбросив с себя сандалии, он кинулся в воду. Когда Вася вбежал в рисунок, Федя был уже в воде выше пояса и тянул Борю к себе за рубашку. Боря фыркал и испуганно шлёпал руками по воде.
– Вставай, Боря, тут же мелко! – крикнул Вася, вбежавший по примеру брата в воду во всей одежде. Поняв, что и Федя, и Вася стоят, Боря опустил ноги на дно и тоже встал. Вася пой- мал скачущий по волнам спасательный круг, и все вместе ребята вышли на берег. Покатались ли в этот раз на лодке девочки с Борей, ребята так и не узнали. Они передали перепуганного Борю на попечение девочкам, причалившим к берегу, а сами скорее вернулись в свою комнату.
Вернувшись, они обнаружили, что одежда на них полностью сухая. В книге же оставалась всего одна страница. Ребята перевернули листок и к своему удивлению увидели картинку, на которой была изображена их комната. В ней никого не было.
– И что? – спросил Вася.
– Не знаю, – задумчиво ответил Федя. – Давай оживим картинку.
– Давай, – согласился Вася. – Но, тут же всё раскрашено.
Мальчики с минуту рассматривали картинку, сравнивая со своей комнатой. Всё было расцвечено. Наконец они заметили за окном комнаты в книжке белое небо и белые ветки берёзы. Раскрасив всё это, ребята смогли войти в нарисованную комнату.
Вдруг откуда ни возьмись перед ними возникла Пищуха-нервотрёпка. Она заговорила:
– Что это вы сегодня такие тихие? Не шумите, не дерётесь. Ой, да они книгу какую-то глупую читают! Да разве это занятие для мальчишек!
– Уходите от нас! – в один голос сказали мальчики Пищухе-нервотрёпке. Мы больше никогда не будем с вами водиться!
– Как это не будете со мной водиться? Куда же вы без меня денетесь! Это чья книга? Федя, твоя? Вот и не давай её Васе, а то он порвёт!
– Уходите, Пищуха-нервотрёпка, – строго сказал Федя. – Не важно, чья это книга. Мы с Васей больше никогда не будем ссориться.
– Да, – подтвердил Вася. – Мы не будем ссориться и не будем пищать. Уходите!
Пищуха-нервотрёпка испуганно и удивлённо посмотрела на ребят и исчезла. В комнате появился Егор Кузьмич и заговорил:
– Я вижу, вы все картинки раскрасили. Молодцы! И, главное, вы всё правильно поняли из моей книжки. Расскажите эту сказку всем своим друзьям, им это тоже может пригодиться.
– Спасибо, Егор Кузьмич, – сказал Федя.
– Мы не будем теперь пищать, и Хворь – подружка Пищухи-нервотрёпки уйдёт от мамы.
– Ой, – виновато заметил Вася, – мы увлеклись и даже ни разу не заглянули к ней.
– А маме вашей как раз был очень необходим спокойный сон. Теперь, когда вы справились с Пищухой-нервотрёпкой, она быстро пойдёт на поправку. Давайте, ребята, прощаться.
– У вас очень интересная книга, – сказал Федя. – Вы, Егор Кузьмич, очень помогли нам.
– Да, большое Вам спасибо, – подхватил Вася.
– Что ж, я рад, что вам понравилось. А теперь возвращайтесь домой, к маме. И мне пора.
С этими словами Егор Кузьмич снова вошёл в книгу и ушёл в свой дом. Мальчики бережно закрыли книгу и пошли в комнату к маме. Мама встретила сыновей радостной улыбкой.
– Чем вы занимались? Я думала, вас нет дома.
– Мамочка, мы читали очень хорошую книгу! – выпалил Вася. А ты уже не болеешь?
– Кажется, нет, – сказала мама, приподнимаясь с постели. И действительно, к вечеру мама совсем выздоровела, и за ужином семья их была в полном сборе.